Имрӯз, 8-уми майи соли 2019, дар фазои иттилоотии кишвар вебгоҳи наве ба кор оғоз кард, ки ҳадафи аслиаш баланд бардоштани имиҷи фарҳангии кишвар ва таъсир расонидан ба афкори маърифати фарҳангии ҷавонон, зинда кардани ҳунарҳои қадимии миллӣ, кашфи истеъдодҳои пинҳон, ки пушти парда мондаанду мемонанд, ба ҳисоб меравад.

Дастандаркорон мегӯянд, ки вебгоҳи фарҳангӣ-иттилоотии «padida.tj» тавассути таҳия ва омода кардани барномаҳои гуногун бо иштироки сарояндагон ва ҳунармандони саршиноси кишвар ҳадафҳои худро роҳандозӣ карда, барои таъсир расонидан ба маърифати фарҳангии ҷомеа ҷаҳду талош хоҳад кард.

— “Padida” танҳо аз фарҳанг мегӯяд… Бидуни сиёсат… Мақсади аслии сомона таъсир расонидан ба афкору маърифати фарҳангии ҷавонон, ба ҷомеа шинос кардани истеъдодҳои пинҳон ва аз нав зинда кардани ойинҳои фаромӯшшудаи тоҷик мебошад. Инчунин, аз ҳаёти ситорагони ҳунар ва шахсиятҳои фарҳангии ватаниву хориҷӣ бо иттилооти дуруст ва фаврӣ таъмин кардани ҷомеа мебошад,- мегӯяд муассиси тарҳи мазкур Мусо Бобоҳоҷиев.

Тарҳ аз ҷониби хатмкунандагони факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва журналистони ҷавон таъсис дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here