Шоми 20-уми майи соли ҷорӣ, дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Марафони шеъри шоирони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ, ки ҳарду дар ин ин рӯз ба ду нё омадаанд, аз ҷониби вебгоҳи Padida” ҷамъбаст гардид.

Хонандаи синфи 3-юми Литсейи тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ Парисо Давлатзода, дуюмин иштирокчии хурдсоли Марафони мазкур, бо қироати шеър аз Муъмин Қаноат  сазовори шоҳҷоиза гардид. Дар шабакаи Фейсбук навори ӯ зиёда аз 11 ҳазор бинанда ва 238 маротиба бознашр шудааст.

“Ман боварӣ надоштам, ки дар ин Марафон ғолиб меоям, зеро иштирокчиён хеле зиёд буданд, аммо маро дастгирӣ карданду соҳиби планшет шудам”, — иброз дошт Парисо.

Дастандаркорони Марафон Шаҳноз Комилзода, Одили Нозир ва Мусо Бобоҳоҷиев низ интизор надоштанд, ки Марафони шеър ин қадар дӯстдорони шеъри Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноатро ба ҳам меорад, зеро шумораи иштирокчиён зиёда аз 50 нафарро ташкил медод.

“Ин нахустин Марафони шеъри вебгоҳи мо буд ва ман боварӣ надоштам, ки ин қадар мардум мароқ зоҳир мекунанд. Ҳатто аз Русияву Исроил, аз кӯдаки 6-сола то пири 80-сола, ба мо навори шеърхониашонро фиристоданд ва ҳоло ҳам идома дорад. Бори дигар ман ба бузургии устод Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат бовар кардам. Ба кулли иштирокчиёни Марафон бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории худро мерасонам”, — мегӯяд муассиси вебгоҳи “Padida” Мусо Бобоҳоҷиев.

Ба дигар иштирокчиёни Марафони шеър аз тарафи ташкилкунандагони ин чорабинӣ ифтихорнома ва китобҳои шоирони номбурда ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим шуданд. Ин охирин Марафони сомонаи “Padida” набуда, дастандаркорон боз ният доранд, дигар озмунҳои ба ин монандро роҳандозӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки Марафони шеър бахшида ба зодрӯзи шоирони ширинбаёни тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат аз ҷониби “Padida” ва як зумра ҷавонони фаъол роҳандозӣ гардида, тӯли панҷ рӯз, аз 16 то 20-уми май идома дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here