Падару писар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди пайгирии панҷмоҳаи мақомоти милитсия бо ҷурми дуздии чорвои калони шохдор боздошт шудаанд. Дар ин бора телевизиони СМ-1 хабар дод.
Рауф Расулови 58-сола дар ҳамдастӣ бо писараш Наим Расулови 29-сола, ки ҳарду сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд дар дуздии 13 сар гов айбдор мешаванд. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд падару писар шабона аз чарогоҳ, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқонӣ чорвои калони шохдорро медуздидаанд. Феълан 11 далели дуздӣ ошкор шудаааст, ки боздоштшудагон ба мардум 42 ҳазору 500 сомонӣ зарари пулӣ расонидаанд. Рауф Расулов зимни тафтиш ба мақомоти милитсия гуфтааст: «Ман бо ҳамроҳи писарам Наимҷон ба заминҳои саҳроӣ, оғили ҳамсояҳо ворид шуда, гову бузро дуздида ба бозори Қирғизистон бурда мефурӯхтем. Ҳолатҳое низ буданд, ки мо аз Қирғизистон дуздида ба Тоҷикистон оварда мефурӯхтем».
Ҳангоми ҳамингуна як кӯшиши говдуздӣ Наим Расулов, писари Рауф Расуловро кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва худи Рауфро мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон боздошт кардаанд. Зимнан нисбати падару писар бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.