Абдулманоф Нурмуҳаммадов, падари чемпиони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки ба коронавирус гирифтор буд, вафот кард. Дар ин бора сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров дар саҳифаи Телеграми худ эълом дошт.

— Хабари ғамангезе ба ман расид, ки Абдулманоф Нурмуҳаммадов ин дунёро тарк кард. Аз тамоми халқи чечен ба оилаи Абдулманоф Муҳаммадович таслияти самимӣ изҳор мекунам! Ӯ рафт ва аз худ номи хубе боқӣ гузошту насли арзандае ба воя расонд! — навиштааст Қодиров.

Ёдрас мешавем, рӯзи 23-юми июн Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки падараш ҳоло дар ҳолати вазнин аст, ҳарчанд рӯзи 19-уми июн хабар дода шуд, ки ӯ тавонистааст коронавирусро мағлуб кунад.

25-уми апрел мураббӣ Абдулманоф Нурмуҳаммадов бо илтиҳоби шуш дар беморхона бистарӣ шуд. Васоити ахбори умум дар бораи ташхис ва табобати нодурусти ӯ хабар доданд. 3-юми май маҷбур шуданд, ӯро ба Маскав интиқол диҳанд, ки дар ин ҷо ӯ ба беҳушӣ афтод. Баъдтар маълум шуд, ки бо сабаби вахим шудани илтиҳоби шушаш лахташавии хун ба вуҷуд омадааст ва бӯҳрони фишори хуни баланд мунҷар ба сактаи мағзӣ шудааст. Пизишкон як амали ҷарроҳии дил низ карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here