19-уми ноябр дар толори бинои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Масълаҳои мубрами пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ин мизи мудаввар хушомадед гуфт ва ба кори нишаст барор хост.
Марҳабо Олимӣ чунин ҷамъомадҳоро муҳим арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки дар чунин нишастҳо мушкил метавонад дар якҷоягӣ бо ҷомеа ҳалли худро пайдо кунад.
— Ҳоло дар кишвари мо бештар зуроварӣ нисбати занон ба назар мерасад. Мо алайҳи зуроварӣ барнома дорем. Касоне ба зуроварӣ гирифтор мешаванд, метавонад ба рақами 1313 ба мо дар тамос бошанд. Чунон ба назар мерасад, ки баъди амалӣ кардани чунин барномаҳо зуроварӣ дар оила кам шудааст, — гуфт Олимӣ.
Гардонандаи нишаст намояндаи Маҷмуӣ ТҶШ «Волоияти қонун ва дастрасӣ» ба адолат Л. Александрова буд.
Дар ин нишаст кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд, ки ҳар яке дар баробари маърӯзаҳои худ, пешниҳодҳои ҷолиб низ намуданд.
Корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Рауфов дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқӣ бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ” баромад намуда, чунин иброз дошт: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари озори ҷинсӣ бо роҳи шантаж, фиреб ва гӯл задани занону кудакон ба миён меояд. Таҳлил нишон медиҳад, ки на танҳо занон ба озори ҷинсӣ гирифтор мешаванд, балки мардҳо низ аз чунин озор ранҷ мекашанд, ки 88 дарсадашон кӯдаконанд. Ҳамчунин 86% занон гирифтори ҷинояти шаҳвонӣ мегарданд».
Дар ин нишаст ҳамчунин судияи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Пӯлодӣ баромад намуда, иброз дошт:
— Озори ҷинсӣ аз тарафи оила низ ба чашм мерасад, ки як намуна меорам. Марде, ки шартан номашро Исмоил мегӯям, тӯли 3 сол бо истифода аз тарсондану шантаж бо духтараш ҳамхобагӣ кардааст. Вақте духтар ба синни 18 мерасаду мехоҳанд ӯро ба шавҳар диҳанд, ҳангоми ташхис муайян мегардад, ки духтар бокирагияшро аз даст додааст.
Мавҷуда Пулодӣ бар он аст, ки набояд занону кӯдакон аз ҳуқуқҳои худ маҳрум шаванд, зеро сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ ба нооромиву бесуботӣ оварда мерасонад.
Дар охир раиси Суди арбитражи байналмилалии тиҷорати Тоҷикистон профессор Исрофил Ҳусейнӣ баромад намуда, чанд пешниҳод кард, ки барои пешгирии озори ҷинсӣ муфиданд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Бояд дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “озори ҷинсӣ” муайян ва, ҳамчунин, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад».
Бо суханронии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ҳамоиш ҳусни аҷом пазируфт.
Комрони Аслон