Озмуни видеоии «Ҳама дар хона» аз Tcell идома меёбад. Тибқи шартҳои озмун, зарур аст, ки шумо навори на бештар аз 2-дақиқаиро, ки дар бораи вақтгузаронии хонавода аст ва мавзуяш маърифатист, дар шабакаи Телеграмм бо рақами 93 460 1661 ирсол кунед. Панҷ идеяи беҳтарини креативӣ ва маърифатӣ аз ҷониби ширкати Тсеll бо опсияи «Ютуби бемаҳдуд» барои 1 сол мукофотонида мешаванд.

Аз рӯзи эълони озмун — аз 1 майи соли равон, ҳамарӯза Tcell барои ширкат дар он наворҳои зиёде қабул мекунад. Иштирокчиён аз Душанбе, Ёвону Хуҷанд, ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳатто аз ИМА видео ирсол кардаанд! Ҳар як навор роҳ усулҳои ҷолиб ва муфидро ҳангоми дар хона будан нишон медиҳад. Масалан, Сорохон аз Хуҷанд тарзи ҷаҳидан бо ресмон, Муслиҳиддин аз Ёвон усулу техникаи рақсро тамрин карда, Хатичаи панҷсола ҳамроҳ бо волидайн нонпазиро ёд мегирад.

Барои иштирок дар озмун шитоб кунед- ба ҷаҳониён нишон диҳед, ки вақти худро дар хона чӣ тавр мегузаронед! Озмун то 01 июни соли 2020 идома меёбад.

Ҳамаи наворҳо дар саҳифаи расмии Tcell дар YouTube: https://www.youtube.com/user/TcellTJ гузошта мешаванд.

Бо шартҳои озмуни видеоии «Ҳама дар хона» дар ин ҷо шинос шуда метавонед: https://www.tcell.tj/content/news/video/

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here