Дар Тоҷикистон озмуни тарҳрезии лоиҳаҳо миёни ҷавонони эҷодкору навовар барои беҳтар кардани таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои насли ҷавон оғоз гардид. Ин озмун бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин бора ба Faraj.tj Шуҳрат Шарифов, масъули иртибототи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи Шуҳрат Шарифов, созмондиҳандагони озмун аз ҷавонон ва наврасони синну солашон аз 15 то 24-сола даъват менамоянд, то лоиҳаҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили ҷойдошта дар яке аз ин самтҳо пешниҳод созанд:

1. Чӣ гуна дастрасӣ ба донишу малакаҳоро барои а) ҷавонони дорои маъюбият; б) ҷавонон аз ноҳияҳои дурдасти куҳистонӣ метавон беҳтар кард?

2. Чӣ гуна омодагии ҷавонони Тоҷикистонро ба талаботи муосири бозори меҳнат метавон беҳтар кард?

Ҷавонон ва наврасон ба дастаҳои иборат аз 3 то 5 нафар муттаҳид шуда, ба воситаи торнамои Озмоишгоҳи инноватсионӣ-www.navovar.tj  дархости онлайнии иштирок дар ин озмунро фиристода метавонанд.

Дастаҳои ҷавонон баъди гузаштан аз даври интихобии озмун дар як тренинги омӯзишию амалӣ бо истифода аз усули «ПЕШСАФ»  (UPSHIFT) иштирок мекунанд, ки он дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2018 дар Озмоишгоҳи инноватсионии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур 5 лоиҳаи беҳтарин интихоб гардида, раванди татбиқи онҳо маблағгузорӣ ва роҳнамоӣ хоҳад шуд.

«Ҷавонон беҳтарин ихтироъкорон, эҷодкорон ва навоварон мебошанд. Мо умедворем, ки ин озмун барои дарёфти фикру пешниҳодоти инноватсионӣ аз Тоҷикистон мусоидат карда, барои ҳалли бархе аз мушкилоти ҷавонон мадад мерасонад», — гуфт Лучиано Калестини, сарвари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Гуфтан ба маврид аст, ки ташаббуси глобалии «Насли имконоти номаҳдуд» дар 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ мешавад. Айни замон дар ҷаҳон 1,8 миллиард нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд.

Дар баҳори соли 2019 лоиҳаҳои аз ҳар як кишвар интихобшуда бо мақсади муайянсозии пешниҳодоти беҳтарин мавриди баҳодиҳии як ҳайати коршиносони байнулмилалӣ қарор мегиранд. Ҳадафи он то соли 2030 бо таҳсили босифат, касбомӯзӣ ва шуғли муносиб таъмин кардани ҳар як ҷавон мебошад.

Барои маълумоти иловагӣ гирифтан метавонед бо Шуҳрат Шарифов, масъули иртибототи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон бо почтаи электронӣ ва шумораи телефонии зерин  тамос гиред:

ssharipov@unicef.org, тел.: (+992) 93 914 40 10.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here