Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон озмуни минтақавии шиорҳоро дар мавзуи бехатарии ҳаракат дар роҳ эълон менамояд, ки то 5-уми марти соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Яке аз мақсадҳои асосии озмун ҷалби тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба омӯзиш ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст.

Ҳар як иштирокчӣ метавонад на зиёда аз 2 шиори муаллифии худро пешниҳод намояд. Иштирокчиёни озмунро зарур аст, ки намунаҳои шиорҳои худро бо ишораи маълумоти инфиродӣ — насаб, ном, номи падар, воситаҳои тамос ба суроғаи электронии konkurs_tj@mail.ru фиристонанд. Аз лиҳози синну сол ва ҷинс маҳдудият нест.

Инчунин, намунаҳои шиорҳоро метавон дар шарҳҳо дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо нишонии https://www.facebook.com/groups/355096164617904/permalink/2566208970173268/  пахш намуд.

Ҳакамон, ки ба ҳайати он кормандони РБДА ВКД ҶТ ва намояндагони Оҷонсии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон дохиланд, шиорҳои пешниҳодшударо мувофиқи мақсаду вазифаҳои озмун, аслияти пешниҳод, дараҷаи таъсири эҳсосот ва ҷолибияту возеҳияти пешниҳоди мавзуъ баҳогузорӣ менамоянд.

— Дар натиҷаи озмун, ки 5-уми март ҷамъбаст мегардад, 5 ғолиб муайян гардида, соҳиби туҳфа — смартфон мешаванд. Корҳои беҳтарини иштирокчиён ҳангоми сохтани варақаҳо, тақвимҳо ва баннерҳо барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода бурда мешаванд, — хабар медиҳанд ташкилкунандагони озмун.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here