Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақомои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон кардааст, ки дар он тамоми журналистон ва кормандони ВАО ширкат кардан метавонанд.

Озмун аз  6 ҷои ифтихорӣ иборат буда, барои ҳар як ҷой мукофот пулӣ пешбинӣ гардидааст:

— Як ҷои 1, маблағи мукофот 3000 сомонӣ

— Ду ҷои 2, маблағи мукофот 2000 сомонӣ

— Се ҷои 3, маблағи мукофот 1000 сомонӣ

Мавод бояд дар ҳафтанома, журнал, сомона ва ё расонаи дохилӣ ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон иҷозаи кор доранд, бо нишон додани «Барои озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон» нашр шавад.

Муаллифон баъди нашри мавод шакли pdf ва ё суроғаи сомонае ки мавод дар онҷо нашр шудааст, ба почтаи электронии  [email protected] ё ба суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдакӣ 21а Академияи кишоварзии Тоҷикистон  ирсол намоянд.

Рӯихати мавзуҳое, ки барои навиштани мақола пешниҳод мешавад:

— ба роҳ мондани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси шартнома (алтернативӣ), дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ;

— кам кардани шумораи санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани иҷозати ягона барои фаъолияти соҳибкорӣ;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои қонунӣ кардани (легализатсияи) иқтисодиёти пинҳонӣ ва рақобати солим байни сохибкорон;

— вобаста ба таҷдиди соҳа ва талаботи имрӯза бозбинӣ кардани фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ва ба вазорат табдил додани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;

— беҳтар кардани хизматрасонии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъминот бо тухмии хушсифат, чорвои зотии сермаҳсул, нуриҳои минералӣ, техникаю технологияҳои муосир;

— тақвият додани иқтидорҳои миллии муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла пандемияи COVID-19;

— ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, бахусус дар Федератсияи Россия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии онҳо тавассути марказҳои махсуси машваратӣ, таълимӣ ва касбомӯзӣ;

— 50% кам кардани маблағи шартномаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои оилаҳои ниёзманд, бепул кардани таҳсил барои донишҷӯёни болаёқат;

— рушди низоми тарбияи томактабӣ, маблағгузории давлатии будубоши кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар муассисаҳои томактабӣ

— дастгирии давлатии оила, хусусан оилаҳои ниёзманд, фароҳам овардани муҳити солим ва шароити мусоид барои таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон.

— тарғиби анъана ва расму оинҳои суннатӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, зиндагии дӯстонаи ҳамаи миллату халқиятҳои кишвар;

— пос доштан ва ҳифз кардани мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ;

— дастгирии давлатии таълим, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии ҷавонон ва мутахассисони болаёқат дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар;

— беҳтар кардани шароити истироҳат, варзиш ва фароғати ҷавонон.

Муҳлати қабули маводҳо то 1-уми октябри соли 2020 аст. Ғолибон аз ҷониби ҳакамон дар ҷашни 15-солагии таъсисёбии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки 3-юми октябр баргузор мегардад, муайян ва қадрдонӣ мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here