Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон барои беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст» барои рӯзноманигорон озмун эълон менамоянд

Ҳадафҳои асосии озмун ин баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку хайрхоҳона нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои вобаста ба бемории сил мебошад. Озмуни номбурда дар чаҳорчӯбаи “Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, гузаронида мешавад.

Дар озмун мавод аз рӯйи номинатсияҳои зерин қабул карда мешаванд. 

• нашри беҳтарин мавод дар матбуот;

• пахши беҳтарин барномаи телевизионӣ;

• пахши беҳтарин барномаи радиоӣ;

• нашри беҳтарин мавод дар сомонаи интернетӣ;

•нашр/пахши маводи беҳтарин мавод оид ба саҳми аҳли ҷомеа (ихтиёриён, духтурон, ходимони давлатӣ ва дигарон) дар мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон.

Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод карда шаванд. Ба озмун маводҳое, ки аз 1-уми октябри соли 2017 то 31 марти соли 2018 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул карда мешаванд. Ба маводҳои дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ таҳиягардида афзалият дода мешавад. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе, баргузор мегардад.

Аз як нафар ширкаткунандаи озмун то се мавод, нусхаҳои асл ё рӯнавишт ва сабтҳои телевизиониву радиоӣ қабул карда хоҳанд шуд. Дар мактуби ҳамроҳ фиристодашуда зикри нуктаҳои зайл шарт аст: номинатсия, ному насаб, нишонии ҷойи зист, телефон, почтаи электронӣ, ҷойи кор дар ВАО, таърихи нашр ва ё пахши мавод, инчунин миқдори нашр, барои сомонаҳои интернетӣ шумораи хонандагон дар як рӯз.

Шартҳои озмун чунин пешбинӣ шудааст:

1. Мавод бояд таҳлилӣ бошад ва оид ба бемории сил маълумоти калидиро дар бар гирад, аз ҷумла дар бораи он ки сил табобатшаванда аст ва авлодӣ нест, инчунин ба фаҳмиш ва дуруст дарк намудани ташхиси муосир, табобат, пешгирӣ, роҳҳои паҳн гаштани бемории сил ва вазъи кунунии эпидемологӣ, мувофиқат намояд.

2. Мавод бояд ба паст гардидани сатҳи доғгузории иҷтимоӣ нисбат ба беморони сил, аз байн бурдани қолаб ва фикрҳои нодуруст ва маҳдудии ҳуқуқ мусоидат намуда, дар ҷомеа муносибати таҳаммулпазириро ба шахсони гирифтори сил ташаккул диҳад, инчунин ба талаботи меъёри назокати касбии журналистон ҷавобгӯ бошад.

3. Мавод бояд дар бораи самараи кори барномаи зиддисилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода тавонад (дар жанрҳои аналитикӣ, чорабиниҳои алоҳида ё фаъолият оид ба назорати сил дар кишвар инъикос гардад).

Ғолибони ҳар як номинатсия бо диплом ва мукофот сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Хароҷотҳои нақлиёти ғолибони озмун аз минтақаҳо аз тарафи ташкилкунандагони озмун пардохт карда мешавад. Маросими қадрдонии ғолибон тибқи ҷадвали пешакӣ таҳиягардида, баргузор мегардад.

Маводҳоро иштирокчиён метавонанд то 1 апрели соли 2018 ба нишонии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ–48 (бинои Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ/Диагностика) ошёнаи 12, инчунин аз тариқи почтаҳои электронии muso87-2204@mail.ru; hayotisolim@gmail.com; nramazonov@projecthope.org, ирсол намоянд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here