Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар кишвар таҳти унвони “Бемории сил табобатшаванда аст” миёни рӯзноманигорон озмун эълон мекунад.

Озмун дар чаҳорчӯбаи “Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” гузаронида шуда, ҳадафи он инъикоси беҳтари роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил, баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯҳои калидии бемории сил, мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку хайрхоҳона нисбат ба беморони сил, тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои вобаста ба бемории сил мебошад.

Мавзӯъҳои озмун:

а) Силбемории сироятӣ аст;

б) Сабабҳои паҳншавии бемории сил паст будани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои сироятёбӣ, усулҳои пешгирӣ ва табобат;

г)Мавҷуд будани бофтаву хаёлҳо дар бораи ин беморӣ ва аз байн бурдани онҳо;

д)Муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба беморони сил ва аҳли оилаи онҳо;

Маводҳо дар номинатсияҳои зерин қабул карда мешаванд:

-нашри беҳтарин мавод дар матбуот;

-пахши беҳтарин барномаи телевизионӣ;

-пахши беҳтарин барномаи радиоӣ;

-нашри беҳтарин мавод дар сомонаи интернетӣ;

-нашр/пахши маводи беҳтарин мавод оид ба саҳми аҳли ҷомеа (ихтиёриён, духтурон, ходимони давлатӣ ва дигарон) дар мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Талабот ба маводи озмун:

Нусхаҳои асл ва ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр/рӯзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешаванд. Ба  озмун бояд барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод шаванд. Ба озмун маводҳое, ки аз 1-уми октябри соли 2018 то 31 марти соли 2019 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул карда мешаванд. Ба маводҳои дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ таҳиягардида афзалият дода мешавад. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муҳлати пешниҳоди мавод:

Маводҳо то 1 апрели соли 2019 ба нишонии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ-48 (бинои Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ/Диагностика) ошёнаи 12, инчунин аз тариқи почтаҳои электронии muso87  2204@mail.ru;nramazonov@projecthope.org, ирсол мегарданд.

Шартҳои озмун:

-Аз як нафар ширкаткунандаи озмун то се мавод, нусхаҳои асл ё рӯнавишт ва сабтҳои телевизиониву радиоӣ қабул карда хоҳанд шуд. Дар мактуби ҳамроҳ фиристодашуда зикри нуктаҳои зайл шарт аст: номинатсия, ному насаб, нишонии ҷойи зист, телефон, почтаи электронӣ, ҷойи кор дар ВАО, таърихи нашр ва ё пахши мавод, инчунин миқдори нашр, барои сомонаҳои интернетӣ шумораи хонандагон дар як рӯз.

-Маводи нашр ва паҳшнашуда, инчунин дар сомонаҳои интернетӣ чопнагардида баррасӣ нахоҳанд шуд.

-Маводҳои ирсолгардида баргардонида намешаванд, инчунин барои маводи гумшуда ва ё осебрасида ташкилкунандагони озмунҷавобгар нестанд.

-Ташкилдиҳандагони озмун ҳуқуқ доранд натиҷаи озмунро таҷдиди назар намоянд ва ё маводро аз озмун пас гиранд, агар ошкор гардад, ки муаллиф (муаллифон) бо Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ягон гуна мансубияте дошта бошанд.

Ҳайати ҳакамон

Ба ҳайати ҳакамон намояндагони васоити ахбори омма, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экспертҳои намоёни соҳаи силшиносӣ, инчунин намояндагони USAID, ки доир ба масъалаҳои сил кор мебаранд, ширкат меварзанд. Ҳакамон ғолибони озмунро аз рӯйи ҳар номинатсия мутобиқ ба критерияҳои зерин муайян хоҳанд кард:

Критерияи якум: Мавод бояд таҳлилӣ бошад ва оид ба бемории сил маълумоти калидиро дар бар гирад, аз ҷумла дар бораи он ки сил табобатшаванда аст ва авлодӣ нест, инчунин ба фаҳмиш ва дуруст дарк намудани ташхиси муосир, табобат, пешгирӣ, роҳҳои паҳн гаштани  бемории сил ва вазъи кунунии эпидемологӣ мувофиқат намояд.

Критерияи дуюм: Мавод бояд ба паст гардидани сатҳи доғгузории иҷтимоӣ нисбат ба беморони сил, аз байн бурдани қолаб ва фикрҳои нодуруст ва маҳдудии ҳуқуқ мусоидат карда, дар ҷомеа муносибати таҳаммулпазирро ба шахсони гирифтори сил ташаккул диҳад, инчунин ба талаботи меъёри назокати касбии журналистон ҷавобгӯ бошад.

Критерияи сеюм: Мавод бояд дар бораи самараи кори барномаи зиддисилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода тавонад (дар жанрҳои аналитикӣ, чорабиниҳои алоҳида ё фаъолият оид ба назорати сил дар кишвар инъикос гардад).

Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ доранд шахсони ба рӯйхати панҷгонаи ғолибон шомилнашударо бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here