Кормандани милитсия қотилони як муҳоҷирро дар шаҳри Сургут Русия аз ноҳияи Спитамен ва Конибодоми вилояти Суғд пайдо карданд.

2-юми сенятби соли 2017 ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон марди 57-солаи сокини ноҳияи Спитамен муроҷиат кардааст, ки шахсони номаълум писари 30-солаашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Сургути Федератсияи Россия қарор дошт, мавриди лату кӯб қарор дода, ба ҳалокат расонидаанд. Сипас, ҷасадашро дар яке аз ҷангалзорҳои шаҳри Сургут партофтаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 3-юми сентябри соли 2017, тахминан соати 23:30, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 20-солаи сокини шаҳри Конибодом ва “Бобо” ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, ҷинояти мазкурро содир намудааст.

Барои дастгир намудани ҳаммаслакони ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here