Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қазияи дар Харангони Варзоб ба қатл расонидану дар ғор партофтани ду духтарро шарҳ дод ва ҳукми судро нисбати ҷавононе, ки дар ин кушторҳо гунаҳкор буданд, эълон кард.

Сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳнаваки Боло, хонаи №5 Сафаров Донёр Каримович бо Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна шинос ва баъдан муносибати маҳрамона пайдо кардааст.

Соли 2017 Ҳайдарова З.Ф., бинобар бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҷмал Абдул Латиф шиносоӣ пайдо намуданаш муносибаташро бо Сафаров Д.К. тағйир додааст.

Сафаров Д.К. аз муносибати маҳрамона доштани Ҳайдарова З.Ф. бо Аҷмал А.Л. хабардор шуда, аз рӯи ҳиссиёти рашк мунтазам Ҳайдарова З.Ф.-ро мавриди латукӯб қарор додааст. Сипас, нақшаи ба қатл расонидани Ҳайдарова З.Ф.-ро бо рафиқаш Раупов С.А. тарҳрезӣ кардааст.

Сафаров Д.К. бо Раупов С.А. моҳи январи соли 2018 аз рӯи маслиҳати пешакӣ Ҳайдарова З.Ф.-ро ба шаҳри Ҳисор даъват карда, хурок ва нушокии спиртӣ истеъмол кардаанд. Сипас, Ҳайдарова З.Ф.-ро маҷбуран дар бағоҷи автомашина таҳти идораи Сафаров Д.К. ҷой карда, ба ҳудуди теппаҳои назди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб мебаранд.

Сафаров Д.К. бо мақсади ба қатл расонидани Ҳайдарова З.Ф., ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт бо дастонаш роҳҳои нафаскашии Ҳайдарова З.Ф.-ро буғӣ карда, охиронро аз ҳаёт маҳрум месозад.

Сипас, Раупов С.А., ки худ дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт, бо Сафаров Д.К. ҷасади Ҳайдарова З.Ф. кашола карда бурда, аз баландии 50 метр ба ҷарӣ ба дохили ғор поён мепартоянд.

Дар ҳолати дигар, шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо 4 апрели соли 2020 автомашинаи Раупов С.А.-ро дар маҳаллаи Харангони ноҳияи И.Сомонӣ манъ карда аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ӯро ба минтақаи лозима расонад.

Раупов С.А. ба хоҳиши Меҳрафрӯзи X. розӣ шуда, дар роҳ байни ҳамдигар муноқиша мекунанд. Раупов С.А. бо мушт ба қафаси синаи Меҳрафрӯзи X. зада, автомашинаро ба ҷои беодам меронад. Меҳрафрӯзи X. ба ӯ мегуяд, ки аз ӯ ба мақомоти ҳизфи ҳуқуқ шикоят мекунад. Ӯ боз ба ғазаб омада, бо мушт ба қафаси синаи номбурда ду маротибаи дигар зарба задааст, ки дар ҳамин вақт ӯ нафасгир шуда дар қафои мошин беҳуш шудааст. Дар ин асно дар ботини Раупов С.А. қасди ба қатл расонидани Меҳрафрӯзи X. пайдо мешавад.

Ӯ бо мақсади ба қатл расонидани Меҳрафрӯзи X. бо дасти чапаш ду маротибаи дигар ба қафаси синаи номбурда зада, баъдан ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба қатл мерасонад ва ҷасади Меҳрафрӯзи X,- ро ба ҷарие, ки ҷасади Ҳайдарова З.Ф.-ро бо Сафаров Д.К. дар онҷо партофта зери хок карда буданд, мебарад ва ҷасади Меҳрафрӯзи Х.-ро ба ҳамон ғор мепартояд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2020 Сафаров Донёр Каримович бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в, з» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомашон сахт ва нисбати Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в, з, и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дороӣ низомаш махсус таъин карда шуд.

Акси тавзеҳӣ аз интернет

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here