Як домоди хунсард дар шаҳри Ваҳдат хонаи падари ҳамсарашро ба коми оташ супорида, худ аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 56-солаи сокини деҳаи Адолати ҳамин шаҳр муроҷиат кардааст, ки рӯзи 30-юми сентябри соли 2017, домодаш, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ба манзили истиқоматиаш омада, бо сӯзишвории бензин хонаи истиқоматиашро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди номбуда бо гумони қасдан несту нобуд кардани амвол дастгир карда шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here