Пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад ҷилди якуми китоби “Осори эроншиносӣ»-ро дар 552 саҳифа ба хатти сирилӣ ба чоп расонд.

Китоби “Осори эроншиносӣ” бо пешниҳод ва муқаддимаи доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ — сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст.

Дар ин китоб 46 мақола ҷой дода шудаанд, ки ба мавзуъҳо ва масъалаҳои гуногуни эроншиносӣ рабт доранд. Ин китоб ҷилди якум аз осори пажӯҳишгари маъруфи тоҷик, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар бахши эроншиносӣ аст, ки умри хешро сарфи пажӯҳиш дар заминаи таърих, адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ намуда ва то кунун беш аз 60 ҷилд китоб ва 550 мақола ба нашр расонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here