Осия Зулфонова, ки рӯзи 19-уми июни соли равон бо 65 дарсади ҷароҳати сӯхтаи бадан дар Маркази шаҳрии рақами 3, маъруф ба «Маркази бемориҳои сӯхта», бистарӣ шуда буд, субҳи имрӯз, пас аз 38 рӯзи табобат дар шуъбаи эҳё, бори аввал барои ҳавохӯрӣ ва дидорбинӣ бо наздикон ба берун бароварда шуд.

Табиби беморхонаи мазкур Тоҳир Зубайдов, ки 7 маротиба ҷарроҳиро дар бадани Осия анҷом додааст, гуфт, ҳама ҷарроҳиҳои нақшавӣ гузаронида шудааст.

— Феълан вазъи саломатии бемор муътадил буда, рӯ ба беҳбудӣ аст. Иншооллоҳ, баъд аз бандинаивазкунии табобати мавзеӣ, бо шифоёбӣ, дар ҳафтаҳои наздик беморро ба хона ҷавоб медиҳем. Дар оянда низ таҳти назорат ва табобати табибони оилавии маҳаллӣ зист ва табибони мо қарор хоҳад гирифт ва давра ба давра табобатро ба анҷом хоҳем расонд, — гуфт Тоҳир Зубайдов.

Модари Осия, ки ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зада, гулӯяшро мефишурд, бо мо суҳбат карда натавонист. Бибии Осия Фотима Зулфонова аз дастгирии Ҳукумати кишвар, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати профессори олмонӣ Эдгар Бимер, ҳамчунин ба табибони ҳозиқи бемористон, бахусус Тоҳир Зубайдов, ки ҷони ҷигаргӯшаашро наҷот доданд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Осияро додаронаш пазмон шуда буданд. Бо он ки баровардани ӯро ба саҳни бемористон диданд, ба наздаш шитофтанд ва бо ӯ ошноӣ карданд. Осия аз дидор бо додаронаш хеле хушҳол шуд.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхта Тоҳир Зубайдов, ки ҳамаи 7 ҷарроҳии Осияро ӯ анҷом додааст, мегӯяд, алҳол бемор дар роҳ гаштану нишастан душворӣ мекашад, аммо ин муваққатист ва баъди ҷарроҳии мавзеъҳо ҳолаш хуб хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи оташ задани Осияи шашсола рӯзи 19-уми июни соли равон, дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар маҳали «Боғи миллӣ» ба вуқуъ пайваст.

Мақомоти тафтишотӣ дар оташ задани Осия Зулфонова се нафар писарбачаи сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро гумонбар донистанд.

Ба гуфтаи мақомот, ду кӯдаки гумонбар дар оташзаниро, ки 9 ва 10 сол доранд, ба мактаби махсуси шаҳри Душанбе фиристоданд, аммо Суннатулло Очилдиеви 13-сола, ки саркардаи оташ задани духтарча дониста мешавад, дар Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон бистарӣ карда шудааст. Тафтишот ошкор кардааст, ки маҳз С. Очилдиев дар оташзании Осия нақши асосиро доштааст ва пеш аз оташ задан бо сагаш ҷабрдидаро тарсонида, ба симтӯр бастааст ва дар гирдаш алафҳои хӯшкро ҷамъ карда, оташ задааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here