Аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, ки Осия Зулфоноваи шашсола рӯзи 19-уми июн, тахминан соати 12-и рӯз, бо ҷароҳатҳои аз оташ сӯхтаи бадан қабул карда шудааст.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази мазкур Тоҳир Зубайдов гуфт, бемор дар ҳолати умумии ниҳоят вазнин, бо сӯхтани 65 фоизи бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ аст.

— Табобати бемор аз ҳисоби дорувории беморхона ва дастгирии Фонди хайриявии «Лона» идома дорад. Тақрибан 40 дарсади ҷароҳатҳои бадани кӯдак ҷароҳатҳои чуқур мебошанд. Баъд аз ворид шудани бемор мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз ҳодиса хабардор кардем. Намояндагони прокуратура ва милиса фавран омада, баёноти волидони беморро гирифтанд. Айни ҳол бемор зери назорати ҷиддии табибон аст. Мо ҳар коре, ки аз дастамон меояд, анҷом дода истодаем. Худованд мададгорамон бошад, ният дорем, ки беморро табобат карда, ба назди падару модар ҷавоб диҳем, — гуфт табиб.

Се рӯз боз волидайн, бобову бибии Осия ва хешу наздикони онҳо дар бемористон интизори ҳарфҳои умедворкунандаи табибонанд. Онҳо мегӯянд, танҳо доруву дармонҳоеро, ки духтурон мефармоянд, меоранд, вале ба назди Осия даромадан намегузоранд.

Бобои Осия Бурҳон Зулфонов, ки омӯзгор аст, мегӯяд, се рӯз боз пушти дари беморхона аст. Дар ин муддат падару модари бачаҳое, ки ин ҷиноятро бо наберааш кардаанд, надидаанд.

— Рӯзи ҳодиса се нафар ноболиғи дар ин ҷиноят дастдоштаро, ба Шуъбаи милиса оварда супоридем, вале аз деҳа ҳамсояҳо занг зада гуфтанд, ки бачаҳо боз бо ҳамон саги калонашон, ки Осияро тарсонда, ба симтур баста буданд, бепарво, гашта истодаанд. Ман чизеро намефаҳмам, чаро ҷинояткоронро озод кардаанд?, — гуфт бо қаҳр муаллим.

Оиша Зулфоноваи 13-сола, духтарамаки Осия аст. Ӯ аз асли воқеа бо даҳшат қисса кард. Оиша гуфт, бо Осия ба хонаи бибиашон рафта буданд. Осия хост дар дар назди хонаи бибӣ бо дугонаҳояш каме бозӣ кунад.

— Ман ба хона даромадам ва аз тиреза бозии онҳоро назора мекардам. Чанд лаҳза пас аз анҷоми кори фармудаи бибиям, дидам, ки Осия нест. Хостам ба берун бароям. Дарро кушодам, ки ҳамин лаҳза Осия намудор шуд. Либосҳои баданаш оташ гирифта, дод зада, ба сӯи ман медавид. Ман зуд як сатил об оварда, ба сару тани ӯ пошидам. Оташ хомӯш шуд. Осия аз тарс пӯсти баданашро, ки сӯхта буд, бо дастонаш меканду дод мезад. Баъд ба хона дароварда, либосҳояшро кашидам. Бибиям ба амакам, падари Осия занг зад. Ӯ Осияро ба ин беморхона овард,- бо тарсу ҳарос ва даҳшат нақл кард, Оиша.

То замоне, ки матлаб нашр мешуд, шарҳи расмии ходисаро дастрас карда натавонистем. Мақомот мегӯяд, танҳо пас аз анҷоми тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор хоҳанд кард.

Қаблан «Фараж» иттилоъ дода буд, ки се нафар хонандаи мактаби миёнаи рақами 67-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ духтараки шашсолаеро, ки бо дугонаҳояш дар назди бинои истиқоматӣ машғули бозӣ будааст, ба симтур баста, оташ задаанд.

Падари духтарак Шерзод Зулфонов гуфт, ҳодиса рӯзи 19-уми июн, соати 10, дар назди хонааш сар задааст ва лаҳзаи вуқуи он дар хона набудааст. Падар мегӯяд, ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд. Номбурда, ки дар бораи ҷузъиёти ҳодиса чизи бештаре намедонад, гуфт, муфаттиши ШВКД Сино-2-и ноҳияи Сино аз пайи таҳқиқи ҳодиса аст. Аҳволи Осияи шашсола феълан вазнин буда, дар дармонгоҳи шаҳрии рақами 3, маъруф ба «Ожоговий», бистарӣ аст. Наздикон, аз қавли табибон мегӯянд, 65 дарсади бадани кӯдак сӯхтааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here