Соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 448 кг маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки назар ба соли 2016-ум 1 тоннаву 22 кг зиёд мебошад.

Дар ин бора муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода имрӯз, 24-уми январ, зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттиллоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар соли гузашта боздоштшуда 110 кг героин, 1 тоннаву 211 кг афюн, 2 тоннаву 384 ҳашиш ва 742 кг бангдона мебошад.

— Аз ҷониби кормандони  Агентӣ дар ин давра фаъолияти 52 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 115 нафар ошкор ва қатъ гардонида шуд, ки 5-тои онҳо гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ мебошанд. Инчунин дар 6 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Русия ва Хитой гузаронидашуда гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор карда шуданд, ки аз онҳо 210 кг 075 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, — гуфт Ҳайдарзода.

Ба гуфтаи Ҳайдарзода, тибқи ҳисоботи муасиссаҳои табобатии кишвар шумораи шахсони гирифтори бемориҳои нашъамандӣ дар соли 2017-ум 6947 нафарро ташкил додааст, ки дар соли 2016-ум гирифторон 7067 нафар будаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here