Дар Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон, ду нафаре, ки ба таъмини коргоҳи ҳасиббарории «Шаршара», воқеъ дар ноҳияи Олмазор, бо гӯшти хар машғул буданд, дастгир шудаанд. Онҳо 69 кг гӯшти харро аз вилояти Хоразм ба Тошканд интиқол додаанд, хабар медиҳад centralasian.org.

Кормандони коргоҳи ҳасиббарорӣ ҳам боздошт шудаанд, зеро гӯшти харро чун гӯшти гов ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Ин манбаъ менависад, ки 21-уми ноябр дар коргоҳи ҳассиббарорӣ санҷиш гузаронида шудааст, ки дар натиҷа маълум карда шудааст, ки 69 кг гӯшти хар ба гӯшти пастсифати барои ҳасиб муайяншуда омехта карда шудааст. Дар рафти санҷиш аз корхона 275 кг гӯшт бо далели пастсифат ва бӯйи ғализ доштан, мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ки арзиши миёнаи як хар дар бозорҳои Ӯзбекистон 150-200 ҳазор сӯм (18-24 доллар) буда, пайдост, ки гӯшти он нисбат ба гӯшти гов 4 маротиба арзонтар ба даст хоҳад омад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here