Кормандони милитсия зани 55-солаи сокини кӯчаи Пӯлод Толиси ноҳияи Синоро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
Номбурда, санаи 28-уми декабри соли 2017, тахминан соати 10:30, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуровро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам овардааст. Ӯ дар ивази ин хизмати худ аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.