То фарорасии ҷашни Рӯзи забони модарӣ чанд рӯзе боқӣ мондааст. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун рӯзи Забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад.
Албатта, ҳар давлату миллатро маҳз бо забони давлатияш ҳамчун як миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун мешиносанду эътироф менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки чандин забонҳо бо иллатҳои гуногун аз миён рафтаанд. Аммо, забони мо имрӯз зиндаву пойбарҷост ва бо ифтихор гуфтан мумкин, ки абадист.
Ҳунарманди шинохтаи театру кинои тоҷик Ортиқи Қодир мегуяд:
— Забони мо воқеан ҳам забони фораму забони биҳишт аст. Ба ҷавонон ҳаминро гуфтаниям, ки забони модарии худро дӯст дошта, бо ин забони фораму зебо ҳарф зананд, зеро бо забонро дӯст доштанашон ҳиссти ватандӯстияшон боз ҳам зиёдтару беҳтар мегардад.