Оромгоҳи ҳунарманд ва паҳлавони соҳибноми тоҷик Мӯсо Исоев, воқеъ дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи нав, пас аз 26 соли маргаш обод мегардад. Дар ин бора, журналист Муродуллоҳ Почозода дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ӯ менависад: “…Хушбахтона, бо пешниҳоди Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва супоришу дастгирии раиси фарҳангпарвари ноҳия Ғайрат Азиззода оромгоҳи Мӯсо Исоев, ҳунарманд ва паҳлавони нотакрори тоҷик воқеъ дар қабристони деҳаи Пастиғав пас аз 26 соли маргаш обод мешавад”.

Мӯсо Исоев соли 1952 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ таваллуд шудааст. Номбурда дар филмҳои зиёде нақш офаридааст, ки филмҳои “Кафорат”, “Шикасти афғон” аз ҷумлаи онҳост.

Мӯсо чемпиони чандкаратаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар риштаи дзюдо буд ва бо ҷисми рустамонааш шукӯҳу шаҳомати беназир дошт. Ба ин паҳлавон мардум лақаби “Шери Мастчоҳ” додааст ва аксар Мӯсоро бо ин лақаб мешинохтанд.

Соли 1992 ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ шахсони номаълум ӯро аввал боздошт карда, баъди он ба ҷисмаш 80 тир заданд.

Овозхони пуровоза Рустам Исоев, ҷигарбанди Мӯсо Исоев мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here