Дар варзишгоҳи  Панафинейи  Юнон  оташи  олимпӣ ба кумитаи ташкилии “Бозиҳои олимпии тобистона дар Токио-2020” супорида хоҳад шуд. Ин маросим бори аввал аст, ки паси “дарҳои пӯшида” сурат мегирад ва дар ҷараёни он  иштироки меҳмонону тамошобинон ва журналистон манъ аст, хабар дод ОИР “Новости”.

Ҳукуматдорон ин тасмимро ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус роҳандозӣ карданд. Гуфта мешавад, ки  намоиши театрӣ низ қатъ хоҳад шуд.

Дар эстафетаи оташ, ки фақат дар дохили варзишгоҳ ҷараён мегирад, 2 варзишгари юнонӣ Катэрин Стефониди ва Лефтериса Петруниса оташро меафрӯзанд. Дар нақша буд, ки  аз Ҷопон қаҳрамони 3 каратаи олимпии муҳорибаи тан ба тан  Ёсида Саори ва қаҳрамони 3 карати олимпии ҷудо  Номура Тадахиро оташро ба Ҷопон меоранд, аммо онҳо ба сабаби короновирус маҷбур  шуданд, ки аз сафар худдорӣ кунанд. Оташро тариқи рейси махсус 20-уми март ба Ҷопон интиқол медиҳанд.

Маросим дар шабакаи “Олимпӣ” ва “Телевизиони ҷамъиятии Юнон” мустақиман пахш хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here