Дар марҳилаи аввали тарҳи омӯзишӣ барои ҷавонон дар Тcell Parking беш аз 170 нафар ширкат доштанд. Иштирокчиёне, ки бар асоси санҷиши тестӣ натиҷаи беҳтарро ба даст меоранд, давоми 10 ҳафтаи оянда ба омӯзиши ҳаматарафаи забони англисӣ мепардозанд.

Лоиҳаи Tcell Parking – ин тарҳи вижа барои ҷавонон маҳсуб ёфта, бахшҳои омӯзишӣ ва саргармкунандаро ба ҳам меорад. Он аз ҷониби Tcell ҳамчун масъулияти ширкат дар пешорӯи ҷомеъа тарҳрезӣ гардида, амалӣ хоҳад шуд. Ширкат бо дарки масъулияташ дар назди ҷомеъаи маданӣ ва ҳампову ҳамқадами замон, яке аз он сохторҳоест, ки навгониҳоро дар кишвар роҳандозӣ, ҷонибдорӣ ва татбиқ менамояд. Tcell мефаҳмад, ки дар ҳоли ҳозир бозори кор ба кадом касбу ҳунар талаботи бештар дорад ва аз ҷомеъа аз ҷавонони кишвар чӣ умедворӣ дорад. Ҳамин тавр, онҳое, ки дар олами диҷитол (рақамӣ) мутахассис ҳастанд, шахсоне, ки муҳтаво (контекст) таҳия менамоянд, дизайнерҳо ва донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, барномарезон ва ғайра дар рақобати бозори кор пешгом хоҳанд буд.

Tcell барнома таҳия кард ва беҳтарин мураббиёну сухангӯёнро ба ҳам овард, то ин мутахассисон баъдан донишу маҳорату худро ба ҷавонон дода тавонанд. Тамоми давраҳои таълимӣ (омӯзишӣ)-и лоиҳаи Tcell Parking барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон хоҳанд буд.

Рӯзи 25-уми май дар фазои креативии Parking дар Душанбе ҷавонони зиёде ҳузур доштанд: ҳамаи онҳо барои омӯзиш ва ёд гирифтани дониши нав ба ин ҷо омадаанд.  Дар ин ҷо бахши аввал ва ё марҳилаи якуми лоиҳаи ширкат- курси такмили забони англисӣ оғоз гардид. Дар замони муосир донистани забони англисӣ барои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоъи дурусту воқеъӣ ниҳоят муҳим аст. Маҳз бо ин забон барномаҳои дигари таълимиро пайдо кардан мумкин аст; ихтисоси нав гирифтан, дар омӯзиши онлайн ширкат кардан, мустақиман бо ҳирфаиён кор кардану таълим гирифтан бо донистани забони англисӣ имконпазир аст.

Беш аз 170 нафар ба давраи муқаддамотӣ-санҷишӣ омада, дар ин ҷо аз забони англисӣ тест супориданд. Онҳое, ки натиҷаҳои беҳтарро касб менамоянд, барои омӯзиши чуқур (ҳаматарафа)-и забони англисӣ тавассусти тарҳи вижаи ширкати Tcell роҳ хоҳанд ёфт. Фотима Саломатшоева, муаллими калони ДДМ (МГУ), мураббии забони англисии ДОМ тайи 10 дарс (машғулият) ба ҷавонони ҷӯяндаву хоҳишманд нозукиҳои забонро омӯхта, онҳоро барои ёфтани мавқеъи устувор, ҷои кори нав, барномаҳои таълимии сатҳи ҷаҳонӣ тарғиб менамояд.

Иштирокчиёне, ки натавонистанд ба марҳилаи омӯзиш роҳхат бигиранд ва ё онҳое, ки сабти ном нашудаанд, рӯҳафтода набошед! Дар оянда, пас аз анҷоми курси мазкур боз як давраи таълимӣ-омӯзишӣ барои омӯхтани забони англисӣ роҳандозӣ мешавад! Шумо фақат аз навгониҳо дар саҳифаҳои расмии ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозхабар бошед ва сари вақт сабти ном шавед!

Ин барномаи омӯзишӣ (курс) аз аввалин иқдомҳои омӯзишӣ дар ин самт маҳсуб меёбад. . Сабти ном (бақайдгирӣ)-и иштирокчиён барои ҳар як давраи таълимӣ-омӯзиши тавассути саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ имконпазир аст. Ширкат дар барномаҳои омӯзишӣ пас аз бақайдгирӣ барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here