Технологияҳои навин (телефон, компютер, телевизир), ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳити худро бидуни он тасавввур карда наметавонад, аз чанд ҷиҳат ба вазъи саломатии инсон таъсирӣ манфӣ доштааст. Дар заминаи як тадқиқот олимони хориҷӣ маълум кардаанд, ки агар одам ҳар рӯз аз 2 соат зиёд телевизор тамошо кунад, эҳтимолии ба саратони рӯда мувоҷеҳ шуданаш то ба  70 % зиёд мешудааст.     

Доктари илмҳои тиб, сармутахассиси ВТҲИА саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода ба нишондоди тадқиқотчиёни хориҷӣ ҳамовоз шуда, дар суҳбат аз  хатари телевизор ва дигар омилҳои беруна, ки ба тағйирёбии ҷараёнҳои биологӣ дар сатҳи ҳуҷайравӣ боис мешаванд, чунин гуфт: “Организми одам биоэнергетика дорад, ки дар рафти кори биологӣ аз худ ҷараён доимӣ мебарорад. Мавҷҳои электромагнитии на фақат телевизион, балки телефону яхдон ва тафдону дарзмол, ки ба чашм ноаён ҳастанд, оҳиста-оҳиста биоритми организмро вайрон мекунанд. Ҳуҷайра ҳам механизм- фабрика дорад,  ки ҳар якеи онҳо вазифаҳои нигаҳбонӣ, ихроҷкунӣ, энергиябахширо иҷро мекунад ва ин амалиётро мавҷҳои электромагнитии дохилӣ мегӯянд. Вақте мавҷҳои беруна, мавҷҳои дохилиро мезанад, ба ҷараёни кори ҳуҷайраҳо монеа пеш меояд, ки дар натиҷаи он вайроншавии ҳуҷайраҳо сар мезанад. Бо гузашти марҳилаҳои гуногун  ҳуҷайраҳое, ки дар рӯдаҳои ғафсу борик буданд, зери таъсир монда, ба вайроншавии биоритми организм оварда мерасонанд”.

Тавре коршиносон мегӯянд, дар ҷаҳон бемории саратон аз рӯйи афзоиш дар ҷойи дуюм меистад ва Тоҷикистон низ аз ин мушкилӣ дар канор буда наметавонад.

Файзуллохон Обидов

Добавить комментарий