Ҳомиёни ҳуқуқ аз Фаронса аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, ки рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро аз боздошт раҳо кунанд. Абдуллоев, ба гуфтаи ҷонибдоронаш, чанд рӯз аст, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.

“Мо аз ҳукумати Ӯзбекистон даъват мекунем, ки рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоевро фавран раҳо карда, ҳуқуқи ӯро ба озодии баён таъмин ва дастрасии ӯро ба ҳимояи ҳуқуқҳояш муҳайё созад”, — омадааст дар изҳороти Эътилофи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ.

Катя Балхибоева, ҳамсари Абдуллоев 27 сентябр дар бораи нопадидшавии рӯзноманигор хабар дод. 29 сентябр кормандони милиса манзили Абдуллоевро кофтукоб карданд.

Кормандони милиса хабар додаанд, ки Абдуллоеви 44-сола бо гумони дуздӣ боздошт шудааст. Миноят Парпиева, вакили дифои тошкандӣ хабар додааст, ки рӯзноманигор дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ (ХМА) нигаҳдорӣ мешавад. Парпиева гуфтааст, ХМА ба ӯ иҷозаи мулоқот бо Абдуллоевро надодааст.

Бобомурод Абдуллоев рӯзноманигори соҳаи варзиши Ӯзбекистон аст, ки лоиҳаи “Овози озодӣ”-ро таъсис додааст. Вай ҳамчунин дар лоиҳаи Институти ҷанг ва сулҳи Лондон ба ҳайси хабарнигор фаъолият кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here