Ғолибони мусобиқаи “Ҷоми зимистонаи дебат-2019” муайян гардиданд. Тули ду рӯзи охир 24 нафар донишҷӯи донишгоҳҳо ва хонандагони мактабҳои миёна аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб барои ба даст овардани “Ҷоми зимистонаи дебат-2019”, ки дар маркази амрикоии шаҳри Кӯлоб (Маркази таълимии “Ҷаҳони мо”) баргузор гардид, талош карданд.
Панҷ даври мубоҳиса дар мавзуъҳои “Дастгирии таҳсилоти хонагӣ”, “Аҳамияти технологияи муосир дар ҷомеа”, “ Ҷалби занон ба кори хонагӣ ва кӯмаки онҳо” баҳси гармеро миёни иштирокчиён ба вуҷуд овард.
Ба ҳайси ҳакамон ва назоратчиёни мусобиқаи “дебат” намоянда аз маркази амрикоии шаҳри Душанбе Ҷомӣ Эмомов, омӯзгори факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Муродов Раҳимҷон ва раиси маҳфили мубоҳисавии маркази амрикоӣ дар шаҳри Кӯлоб (ASK Debate Club) Саъдии Сироҷ ширкаткарданд.
Натиҷаи хулосаи ҳакамон дастаи “Hobbs & Shaw”-ро ки хонандагони болаёқати мактаби миёна Ҷомии Сироҷ ва Қосимов Ансол намояндагӣ мекарданд, ғолиб ва сазовори ҷоми озмун донист.
Дастаи Кings of knowledge ё худ шоҳони дониш ба қарори ҳакамон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи GK Team (шоҳони бузург) дар мақоми сеюми мусобиқ қарор гирифтанд.
Мусобиқаи дебат ё худ мубоҳисаи рӯ ба рӯ иборат аз баҳсҳои мустақим миёни донандагони забони англисӣ, дар мавзуъҳои гуногун мебошад, ки дар рафти он ҷонибе ки аз нуқтаи назари худ ба истифода аз далелҳои қотеъона ҳимоя мекунад, ғолиб дониста мешавад.
Сабқати мазкур бори дуюм аст, ки аз тарафи маркази амрикоӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ширкати мобилии Тсеll миёни донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна, донандагони хуби забони англисӣ роҳандозӣ мешавад.
Ба гуфтаи президенти клуби мубоҳисони маркази амрикоӣ дар шаҳри Кӯлоб Саъдии Сироҷ “мақсади роҳандозии озмун фароҳам овардани имконият барои такмили нутқи забони англисӣ, рушди малакаи сухангӯӣ ва санъати мубоҳиса ба шумор рафта, иштирокчиён имконияти ширкат дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз онро соҳиб мегарданд”.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур бо сарпарастии ширкати мобилии Тсеll роҳандозӣ гардида, ба ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти ширкат тӯҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни дигари мусобиқа барои ширкати фаъол сертификати маркази таълимии «Ҷаҳони мо» тақдим гардид.
Ҷоми зимистонаи дебат-2019 тасмими ниҳоӣ набуда, дастандаркорон ният доранд, чунин мусобиқаҳоро миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ҳар фасл баргузор намоянд ва ба ин роҳ дар рушду ташаккули забондонӣ ва малакаи суханварии ҷавонон саҳм бигиранд.