Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2019” дар Минск бар тими наврасони Финландия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Ислом Зоиров дар дақиқаи 2 ва Рустам Соиров дар дақиқаи 48-ум ба ҳадаф расониданд.

Қаблан дар марҳилаи гурӯҳӣ тими наврасони мо аз Белорус шикаст хурда (5:0), бо Белжик мусовӣ (1:1) бозӣ карда буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими мизбон – Белорус бар дастаи Белжик бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Дар натиҷа, ҷои аввалро дар гурӯҳи “А” Белорус ишғол кард. Дастаҳои Белжик ва Тоҷикистон, ки 4-холӣ гирифтанд, дар зинаҳои дуюму сеюм мавқеъ ёфтанд. Финландия бо 3 хол дар ҷои охир қарор гирифт.

Дар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд.

Акнун шогирдони Зайниддин Раҳимов барои ҷойҳои 5-8 бозиро идома медиҳанд. 26 январ футболбозони навраси мо бо ҳамсолонашон аз Булғористон вомехуранд. Дар сурати муваффақият, 28 январ бо ғолиби ҷуфти Белжик-Исландия барои ҷои 5-ум қувва месанҷанд.

Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here