Кумитаи мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории Ҷоми Лигаи футболи кишварро барои мавсими 2021 тасдиқ кард.
Мусобиқаи пешазинтихоботӣ бо иштироки даҳ клуби Лигаи олии кишвар, ки ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шудааст, аз 9 то 22-юми март дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад. Тамоми хароҷоти марбут ба Ҷоми Лига (манзил ва хӯроки дастаҳо дар осоишгоҳи Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон, иҷораи майдонҳо ва толорҳо, доварӣ) аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ҳоло ин як тасмим аст ва он бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шавад.