Дар доираи иқдоми «Трофи Тур» 5-уми феврали соли оянда бори аввал Ҷоми футбол, ки барои дастаи ғолиб дар чемпионати ҷаҳонии футбол супорида мешавад, ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Ин ҷом барои тамошои мухлисон гузошта мешавад. Ҳамаи мухлисоне, ки хоҳиши аз наздик дидани ин ҷоизаи асосии футболро доранд, метавонанд, дар Душанбе онро бинанд ва ҳатто бо он акс бардоранд.

9-уми сентябр дар Маскав Сафари нави Ҷоми ҷаҳонии FIFA бо дастгирии ширкати CocaCola шурӯъ шуд. То моҳи декабр хатти сайри Ҷом аз ҳудуди Русия мегузарад. Сипас, Ҷом ба сайёҳати 50 кишвари 6 қитъаи олам мебарояд ва моҳи майи соли 2018 боз ба Русия бармегардад.

Ҷоми ҷаҳонии футболи FIFA ин ҷоизаи асосиест, ки ба ғолиби чемпионати ҷаҳон супорида мешавад. Он аз тиллои холис сохта шуда, 6,175 кг вазн дорад ва тарҳи ду одамеро дорад, ки курраи заминро болои даст нигоҳ доштаанд. Ҷом аз соли 1974 рамсан чунин тарҳро дорад. Мувофиқи қойидаи FIFA ба Ҷом танҳо ғолибон ва роҳбарои давлатҳо ҳаққи даст расонидан доранд. Он барои якумрӣ ба касе дода намешавад, аз ин рӯ дастаи ғолиби мусобиқа дар ивази он Ҷоми ғолиби чемпионати ҷаҳонии футболро мегирад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here