Бо ташаббуси ташкилоти Internews дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯзаи омӯзиши фактчекинг оғоз гардид. Дар ин бора масъули Intermews Рустам Гулов ба мо иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин тренинг зиёда аз 15 нафар рӯзноманигор аз минтақаҳо ва расонаҳои гуногуни кишвар даъват шудаанд.

Фактчекинг — далелсанҷӣ раванд ва жанри нав дар Тоҷикистон буда, омӯзиши он дар байни журналистон низ нав мебошад.

Дар тренинги мазкур рӯзноманигор Иззатманд Саломов ва блогер Рустам Гулов ба ширкаткунандагон доир ба фактчекинг маълумот медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин барнома пойгоҳи нави далелсанҷӣ бо номи faktcheck.tj таъсис дода шудааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here