Бо иштироки ҳамоҳангсози лоиҳа аз Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) Ашуров Субҳон, директори Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагон маросими супурдани 1150 китоби дарсӣ, ки барои муасисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Тоҷикистон эҳдо карда шуд, баргузор гардид.

Кумаки мазкур, ки 6 номгӯи китобҳои дарсиро аз фанҳои “Тарроҳии либос”, “Графикаи компютерӣ”, “Амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос”, “Маводшиносии истеҳсолоти дӯзандагӣ”, “Сохти компютери фардӣ”, “Ташкил ва методикаи таълими касбӣ” дар бар мегирад, бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хос ба хонандагони дорои маъюбият ва ятим расонида шуд.

Ҷаноби Мусоев Абдуқодир ба ташкилоти Каритас Олмон изҳори сипос намуда, илова кард, ки китобҳои дарсии эҳдошуда асосан ба Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва инчунин ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар онҳо ятимон таҳсил менамоянд, тақсимкарда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон 62 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуда, 22336 хонандаро фаро мегиранд, ки 200 нафарионҳо хонандагони дорои маъюбият ва 1180 нафари дигар бошад ятими куллл ва нимятим мебошанд. Муассисаҳои дар боло зикргардида мутахассисонро дар 14 самт, аз ҷумла иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, архитектура ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра омода мекунанд.

Бояд қайд кард, ки китобҳои дарсӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи “Таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар соҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва ниҳодҳои қаблан таъсисёфта дар Тоҷикистон” тақдим карда шуд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шуда, тавассути Каритас Олмон дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ин яке аз лоиҳаҳои зиёди Каритас Олмон дар Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати зиндагии шахсони дорои маъюбият тавассути рушди кори иҷтимоӣ, фароҳамсозии имкониятҳои касбомӯзӣ ва татбиқи фаъолиятҳои даромадоваранда тарҳрезӣ шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here