Дар Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳои 23-юми зимистонаи олимпӣ баргузор шуд. Дар ин маросим оташи олимпӣ барои муваққатан хомӯш карда шуд, то Олимпидаи зимистонаи оянда, ки қарор аст соли 2022 дар Пекин (Чин) баргузор гардад.
Дар Бозиҳо, ки аз 9-ум то 25-уми феврал баргузор шуданд, варзишгарон барои 102 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар рӯйхати ғайрирасмии барандагони медалҳо дастаи мунтахаби Норвегия бо 39 медал, ки иборат аз 14 тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ аст, пешсаф шуд. Дастаи мунтахаби Олмон дуюм ва дастаи мунтахаби Канада сеюм шуданд.
Варзишгарони мизбон аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ бо 17 медал – 5 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷойи 7-умро соҳиб шуданд.
Дастаи мунтахаби Русия, ки бо қазияи допинг натавонист дар ҳайати пурра дар ин Олимпиада ширкат кунад, 2 медали тилло, 6 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст овард, ки дар ҷойи 13-ум аст.
Дар маросими пӯшидашавии Бозиҳо ба дастаи мунтахаби Русия имкон надоданд, ки парчами ин давлатро афрозад. Дар маросими кушодашавӣ ва тамоми рафти Олимпида варзишгарони рус зери парчами Кумитаи миллии олимпӣ баромад карданд.
Аз Тоҷикистон дар ин Олимпиада варзишгарон ширкат накарданд, зеро ҳеч кадом аз варзишгарони кишвари мо соҳиби имтиёз ва роҳхат ба ин Бозиҳо нашуда буданд.