Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ихтироъ кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба нақл аз президенти Академия Фарҳод Раҳимзода хабар дода навишт, ки дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст.

Гуфта мешавад, ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир мебошад.

— Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имконоти дохилӣ аз 28 феврали соли 2020 ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама кишварҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шурӯъ кард. Илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерия исбот гардидааст. Ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонанд, — гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ.

Олимони АМИТ дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.

Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» чанд иловаи фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия кардаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷ ворид мешаванд, гирад. Ҳамчунин, аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here