Чанде аз олимони Туркия сабаби аз байн нарафтани коронавирусро гуфтанд. Натиҷаи ин тадқиқотро дар маҷаллаи Infection нашр карданд.

Коршиносон муайян кардаанд, ки шумораи вирусҳои SARS-CoV-2 дар бадани беморони бидуни аломати беморӣ нисбат ба бемороне, ки нишонаи беморӣ доранд, зиёдтар дида мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин ба таври куллӣ вируси навро аз дигар ангезандаҳо фарқ мекунонад ва мефаҳмонад, ки барои чӣ заҳмати кишварҳо барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ натиҷа намедиҳад.

Муаллифони ин тадқиқот сатҳи вазнинии намуди вирусро дар шаш бемор, ки синну сол ва сатҳи бемориашон фарқ дорад, санҷидаанд. Олимон аз иштирокчиён намунаҳои назофаринкс, гулӯ, пӯсти даҳон ва рӯдаи ростро гирифтаанд. Инчунин, аз 60 нафар беморе, ки ба коронавирус мубтало ҳастанд, ташхиси оби даҳон, хун ва пешоб низ гирифта, тадқиқот гузаронидаанд. Дар маҷмуъ, онҳо 360 намунаро таҳлил кардаанд.

Муаллифони тадқиқот қайд мекунанд, ки масъаларо минбаъд бояд омӯхт, зеро миқдори зиёди вирусҳо дар беморони бидуни аломати беморӣ метавонад танҳо «нӯги ғӯтяхи»-и мушкилот бо паҳншавии COVID-19 бошад.

Гулрӯ Суҳробзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here