Олимони Донишгоҳи Кейптаун муайян кардаанд, ки чӣ гуна ҷинс ба ҷараёни коронавирус таъсир мерасонад. «Мардон бештар аз занон аз бемории коронавирус мефавтанд», — хабар медиҳад маҷаллаи Nature Communications.

Мутахассисони Донишгоҳи Кейптаун тадқиқоте гузаронида, зиёда аз 3 миллион беморро, ки аз коронавирус дард мекашанд, санҷидаанд. Мутахассисон санҷишро дар 46 кишвар, инчунин 44 иёлоти ИМА гузаронидаанд.

Таҳлил нишон додааст, ки хавфи гирифторшавӣ ба беморӣ барои ҳама як хел мебошад. Мардон нисфи шумораи гирифторшудагонро ташкил мекунанд, вале онҳо аз беморӣ 39% бештар ҳалок мешаванд.

Олимон муайян кардаанд, ки ба мардон бисёртар хатари фавтидан аз ин беморӣ таҳдид мекунад, зеро онҳо нисбат занон сафедаҳои интерферонии навъи 1-ро камтар тавлид мекунанд, ки аксуламали ғайримуқаррарии иммунитетиро маҳдуд мекунад. Чунин моддаҳо ҳангоми доштани бемории вазнин нақши муҳим мебозанд.

Ҳамин тариқ, афзоиши фавт аз COVID-19 фарқияти ҷинсиро дар системаҳои иммунии модарзодӣ ва мутобиқшавӣ тасдиқ кардааст.

Дар баробари ин, хатари маргро бемориҳое, ки дар мардон нисбат ба занон бисёртар вуҷуд доранд, зиёд мекунанд, ки онҳо диабети қанд ва гипертония мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here