Дар шаҳри Душанбе ду дузд дастгир шудаанд, ки асосан ба дуздии қолиҳои шуставу дар берун овехтаи мардум машғул будаанд.

Одинаев Маҳмадӣ Ибодович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, гарчанде пайроҳаи доғдори ҷиноӣ дорад, боз як нафари дигар, шаҳрванд Саидов Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо низ ҳамроҳ гирифта, дар якҷоягӣ ба дуздии амволи ғайр даст задаанд.

Дар асоси муроҷаитҳои шаҳрвандон ва зимни амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ кормандони милитсияи пойтахт муайян кардаанд, ки номбурдагон асосан ба дуздии қолинҳои шаҳрвандон машғул будаанд. Гумонбарҳо шабона пайи амалӣ кардани ҳадафи ҷиноияшон дар кӯчаҳои пойтахт сайру гашт карда, қолиҳое, ки шаҳрвандон дар назди манзилҳои истиқоматӣ барои хушк шудан мегузоштаанд, дуздида, бо маблағи ночизе мефурӯхтаанд.

Ҳамин тариқ, номбурдагон бо содир кардани 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон аз 2 то 5000 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Айни замон нисбати гумонбаршавандагон Одинав Маҳмадӣ ва Саидов Ҷаҳонгир бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here