Ҳамасола ширкати радио ва телевизиони «Ватан» озмуни «Топ-50» доир мекунад, ки дар он нафарони дар ин ё он соҳа муваффақ, ғолиб дониста мешаванд.

Ин баҳогузорӣ аслан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, баъдан комиссияи ҷойиза номзадҳоро баррасӣ мекунад. Соли ҷорӣ бори ҳаштум ин ҷойиза ба ғолибон супорида шуд.

29-уми март, дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе,  маросими тантанавии  супоридани чоизаи миллии «ТОП-50» баргузор гардид. Он чун ҳамеша  ба 50 нафар шахсоне, ки дар соли гузашта дар ин ё он соҳа муваффақият ба даст овардаанд, супорида шуд. Дар байни ғолибони имсола  шахсиятҳои шинохтае чун Акмал Усмонов, Азамат Муҳаммадҷонов, Ғафур Шерматов, Даниел Рустамов, Шарофат Усмонова  буданд.

Дар маросими ҷойизасупорӣ  меҳмонон аз шумори сафирон, кормандони созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони тиҷорат, мансабдорони ҳукуматӣ, рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Сабрина Ғафурӣ,  МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here