Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори пешбару навовари кишвар — ширкати Tcell барандагони видео-озмуни экологии «ЭКО Патрул»-ро эълон ва бо ҷоизаҳо сарафроз гардониданд.

Ин озмун дар доираи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист” тайи як моҳ баргузор гардид ва барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамватанони мо ба масоили экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ нигаронида шуда буд.

Иштирокчиён наворҳои видеоиро, ки шахсан худашон дар ҳифзи муҳити зист чӣ гуна саҳм мегузоранд ва аз он ҳимоят менамоянд, ирсол мекарданд.

Аз миёни ҳамаи иштирокчиён комиссия ғолибонро интихоб кард. Барандаи мақоми аввал соҳиби планшет, ғолиби ҷои 2-юм — роутер бо интернет барои 6 моҳ ва ҷои 3-юм — рақами зебо бо YouTube-и бемаҳдуд барои 3 моҳ гардида, ҳамчунин барои нафаре, ки мақоми 4-умро соҳиб шуд, соати ҳушманд (SMART-соат) туҳфа дода шуд.

Раиси Кумита Шерализода Б. А. дар суханронии худ таваҷҷуҳи асосиро ба кӯшишҳои давлат дар бахши муҳити зист ва ҳифзи экологияи кишвар равона кард.

Директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев аз саҳми ҳамаи иштирокчиён дар ин озмун ёдовар гардида, гуфт: «Имрӯз ҳар нафаре, ки дастрасӣ ба Интернет дорад, метавонад дар огоҳии мардум дар бораи муҳити зист ва муҳофизати он саҳм гузорад. Ватани мо табиати зебо ва нотакрор дорад ва вазифаи аслии мо ҳифзу қадр кардани он аст».

Ширкати Tcell барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамватанон тарофаи нақшавӣ ва бастаҳои «Эко»-ро роҳандозӣ кард.

Муфассал дар бораи «Эко»: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php

«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php

«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here