Мизоҷони Бонки Эсхата Ҷаъфар Нурматов аз шаҳри Душанбе, Эҷод Абдуҷалилов аз шаҳри Хуҷанд ва Татяна Абдукаримова аз шаҳри Қурғонтеппа ғолиби даври ниҳоии аксияи «Хариди бурднок» аз Бонки Эсхата гардиданд.

Дирӯз ба ғолибон сетрификати бурд ба маблағи 2300 сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки Эсхата тақдим гардид, хабар медиҳад маркази матбуоти ин бонк.

Мизоҷон Ҷ. Нурматов ва Э. Абдуҷалилов дар арафаи Соли нав аз марказҳои савдои «Сафир» ва «Амиди» — и шаҳри Хуҷанд, харид ва бо корти Бонки Эсхата пардохт карданд. Бо ин восита иштирокчии аскияи «Хариди бурднок» гаштанд.

Мизоҷ Татяна Абдукаримова бошад, дар яке аз нуқтаҳои таъмини сӯзишвории «Баҳоройл», воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯргонтеппа бо корти Бонки Эсхата пардохт кардааст ва иштирокчии иқдоми «Хариди бурднок» шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here