Дар ҷамъбасти давраи аввали  иқдоми «Бурди ҷашнӣ» ду нафар мизоҷи Бонки “Эсхата” соҳиби 2500 сомонӣ гардиданд. Исматуллоева Моҳира ва Оқилов Аббосҷон аз шаҳри Хуҷанд ғолиби даври аввал гаштанд.  Ба ҳарду иштирокчӣ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ ва Сертификат тақдим карда шуд.

Сертификатҳо ба ғолибон дар нуқтаҳои мағозаи савдо ва нуқтаи фурӯши сӯзишвории газ, ки дар он ҷойҳо мизоҷони бонк хариди худро бо корти бонк пардохт намудаанд,  рақами тартибии SMS ирсол гардида, ғолиб дониста шуданд.

Исматуллоева Моҳира — сокини маҳаллаи 34 –и шаҳри Хуҷанд чунин зикр намуд: «Ман дар наздикии  мағозаи “Анис” зиндагӣ мекунам. Маводи заруриро аз мағозаи мазкур харид намуда,  маблағашро бо корт пардохт менамоям. Ин хеле осон аст. Барои гирифтани бақияи худ интизор намешавам. Хеле хурсанд ҳастам, ки  ғолиби даври якум шудаам, зеро ин пирӯзи аввалини ман аст. Миннатдории худро ба Бонки “Эсхата” баён намуда, ба ҳамагон муваффақиятро  таманно менамоям.

Оқилов Аббосҷон бошад, мошини худро дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сугднефт” бо сӯзишворӣ таъмин менамояд. Ӯ низ маблағи сарфшударо бо корти Бонки “Эсхата” пардохт карда, ғолиби ин давра гаштааст. Аббосҷон дар ин маврид чунин ибрози назар кард: “Вақте аз Бонки “Эсхата” ба ман занг зада, ба идораашон барои гирифтани маблағи бурд даъват карданд, ростӣ, фикр кардам, ки касе маро масхара карда истодааст. Вале масъулини бонк истодагарӣ намуданд, ки “ин шӯхӣ нест“. Албатта, ман аз ғолиб омаданам хеле шодам. Барои баргузории чунин иқдоми нек ба дастандаркорони Бонки “Эсхата” арзи сипоси худро мерасонам”.

Ғолибон аз ҷониби комиссияи махсус бо намунаи тасодуфӣ бо мошини лото муайян карда шуданд.

Бонки “Эсхата” ҳамаи ғолибони даври якумро табрик намуда, ҳамзамон дигар иштирокчиёнро низ даъват менамояд, ки умедро аз даст надиҳанд ва фаъолона харидҳои худро бо корти бонки мазкур  пардохт намоянд. Ҳар як мизоҷи бонк имкон дорад, ки мукофотҳои пулиро дар давраҳои минбаъда бурд намояд. Ҳамзамон, таъкид менамоем, ки дар бозии бурди финалӣ рақамҳои тартибӣ аз ҳамаи даврҳо иштирок менамоянд. Иштирокчиёни дар даврҳои қаблӣ ғолибомада инчунин имкони ширкат намудан дар бозии даври ниҳоии  аксия ва соҳиб шудан ба мукофоти асосӣ – 25 000 сомониро  доранд.

Барои  иштирокчӣ шудан дар  иқдоми нав ба мизоҷон зарур аст, ки  хариди худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳое, ки рӯйхаташон дар сомонаи бонк ҳаст,  бо кортҳои Бонки “Эсхата” пардохт намуда,  ғолиби иқдоми “Бурди ҷашнӣ” гарданд.

Маблағи пардохт на кам аз 25 сомониро ташкил медиҳад. Рақами идентификаторҳо ба шумораи пардохтҳо баробар аст.

Шумо то ҳанӯз картаи Бонки «Эсхата» -ро надоред? Пас,ба шуъбаҳои Бонки «Эсхата» муроҷиат намоед! Бо картаи «Бурди ҷашнӣ» пардохт намуда, бурд кунед!

Бо рӯйхати нуктаҳои савдо ва хизматрасониҳое, ки онҷо картаҳои бонк қабул карда мешаванд, метавонед тавассути сайти мо огоҳӣ пайдо намоед: http://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here