Лоиҳаи инноватсионӣ ва технологии Tcell зери унвони DigitalCamp, ки тули се моҳи тобистон идома дошт, ҷамъбаст гардид. Аз моҳи июн сар карда иштирокчиён ба хотири дарёфти роҳҳо, имконоти рақамии бештар ба хотири рушд ва амалӣ гардонидани идеяҳои тиҷории хеш гирд омада буданд.

Чор ҳафта курсҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои мубрам, суҳбат бо мутахассисони варзидаи соҳаи тиҷорат, корҳои амалӣ ва маслиҳатҳо заминаҳои муфидро барои ҳалли техникӣ ҷиҳати амалисозии идеяҳои иштирокчиён ба вуҷуд овард. Замони амалисозии лоиҳа 15 вебсайт сохта шуд, ки 7-тои он ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар маросими қадрдонӣ се нафари беҳтаринро эълон карданд.

Зинаи якум насиби http://hitpay.tj/ шуд. Лоиҳаи Hitpay – ин нахустин ҳамёни электронӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамёни электронӣ барои мустақиман аз телефон ва компютер харидорӣ кардани хизматрасониҳо зарур аст. Корбарон дар Тоҷикистон имрӯз метавонанд ба ҷойи терминалҳои пардохти пулӣ, ки дар кӯча насб шудаанжд, аз телефонҳои ҳамроҳашон истифода баранд. Дар дилхоҳ ҳолат тариқи Hitpay метавон давоми чанд сония маблағи тавозуни мобилӣ, интернет, хизматрасониҳои давлатӣ ва ё букмекериро пардохт кард.

Ҷойи дуввум — http://hunar.tj/ Лоиҳаи ҲунарМаркет барои бунёди фазои ягона ҷиҳати хариду фурӯши ашёи тарроҳӣ ва корҳои муаллифӣ нигаронида шудааст. Ин ҷоест, ки ҳунармандон, тарроҳон, созандагони чизҳои нодир бо усули миллӣ метавонанд гирд биёянд ва маҳсулоти хешро ба аудиоторияи васеъ пешниҳод намоянд. Харидорон имкон доранд, намунаи ягонаи корҳои нодирро дастрас кунанд.

Зинаи сеюмро дастаҳои http://tajsoap.tj/ ва http://vmentor.tj/ гирифтанд. Tajsoap – ин мағозаи онлайнии косметикаҳои табиӣ ва органикӣ, ҳамчунин туҳфаҳои дастисоз барои саломатӣ ва зебоӣ аст. Virtualmentor –портали виртуалӣ, дорои маълумоти пурра, муназзам ва муҳим дар бораи 157 намуди тиҷорат мебошад. Ин портал “иртиботи дуҷониба”-ро дар бар гирифта, ба ҳама суолҳои вобаста ба тиҷорат ҷавобҳои дақиқ медиҳад. Портал як навъ шабакаи иҷтимоии соҳибкоронро дар Тоҷикистон месозад.

Чанд лоиҳаи дигаре, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд: http://megamag.tj/ — мағозаи интернетӣ, ки ҳаммаи мағозаҳои Тоҷикистонро дар як майдони онлайнӣ ҷамъ меоварад.

http://tajtour.business.site./ — сомона барои беҳтарин сафарҳо ва сайёҳат дар Тоҷикистон.

http://esports.tj – майдон барои рушди варзиш дар Тоҷикистон.

http://beautysecrets.tj/ — мағозаи косметика ва ғайра…

Ғолибони лоиҳаи Digital Camp зинаҳои мувофиқро сазовор гашта, барои рушди идеяҳои тиҷорияшон дар оянда маблағ ва туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here