5 ҷомадони зебо аллакай ба ғолибони иқдоми роумингии ширкат таҳти унвони “Ҷомадони бунафшранг” аз Тcell, ки тариқи шумораҳои тасодуфӣ аз генератор интихоб гардиданд, расонида шуданд. Онҳо сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Норак мебошанд, ки тайи моҳи гузашта дар хориҷ аз кишвар, аз роуминги Tcell барои иртибот бо наздикону пайвандонашон истифода кардаанд.

Роуминг-иқдоми Tcell «Ҷомадони бунафш» барои онҳоест, ки зиёд сафар мекунанд ва зиндагии худро дар берун аз Тоҷикистон бе иртиботи доимӣ бо хешовандон тасаввур карда наметавонанд. Ин иқдом моҳи май оғоз гардида, дар моҳи июн аллакай 5 ғолиби он эълон шуд. Онҳо чизи аз ҳама зарурии сафар- ҷомадонҳоро аз ширкати Tcell гирифта, ҳамакнун имконияти иштирок дар даври дигар ва бурд кардани мукофоти асосии ширкат- роҳхати сайёҳат ба яке аз беҳтарин мавзеҳои дунёро пайдо намуданд.

Ҳар дафъа, ки ҳар кадоме аз мо ба сафар мебароем, албатта дар хориҷ аз кишвар барои мо доштани алоқаи боэътимод, ки иртиботи доимиро бо хонаводаву пайвандон таъмин карда тавонад, зарур аст. Чанде қабл ширкати Tcell арзиши зангҳоро дар роуминг барои чанд кишвари ҳамсоя ва дур- Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Афғонистон ва Туркия коҳиш дод! Ҳамакнун, нархи  1 Мб Интернет дар роуминг ба кишварҳои мазкур ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад! Бо роумингҳои “Ҳақиқӣ” (Реалний) ва “Сабук” (Легкий) аз Тсеll ҳамеша дар иртибот бошед, эҳсосоту бардошти худро бо дигарон тақсим намоед, аз фаъолияти корӣ қафо намонед!

Иқдоми роумингии “Ҷомадони бунафш” аз  Тсеll то моҳи октябр идома мекунад. Ҳамин тавр, тайи панҷ моҳи боқимонда 25 ҷомадони дигар соҳибони худро интизор хоҳанд буд. Ҳар моҳ, на дертар аз санаи 15-ум панҷ ғолиби бурд тариқи генератори рақамҳои тасодуфӣ интихобу муайян карда мешаванд.

Ширкати Тсеll ба шумо имконияти бурди ҷомадони зеборо, ки ранги бунафш дорад, фароҳам меорад! Ин имкониятро аз дст надиҳед, ҳамааш осон ва содда аст!
Аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳ 100 сомонӣ сарф намоед ва иштирокчии иқдом шавед!

Барои шинос шудан бо шартҳои иИқдом, тарзи гузаронидани он, рӯйхати ғолибон ва дигар навгониҳои марбут ба аксияи роумингиро тавассути сомонаи расмии ширкат  https://www.tcell.tj/ ва  саҳфаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ карда метавонед.

Барои тафтиши хизматрасониҳои роуминг, ки кадоме аз онҳоро Шумо пайваст кардаед, фармони  *601#— ро иҷро кунед. Пас аз ирсоли он ба шумо смс-паёмак бо матни хизматрасониҳои фаъолшуда меояд.

Барои фаъолсозии хидматрасониҳои  «Реальний ва ё Легкий роуминг» мутаносибан тугмачаҳои *601*1#  ва ё *607*1# -ро пахш намоед. Пеш аз хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон тавассути замимаи My Tcell ин амалро низ ба анҷом расонидан мумкин аст. Фаъолгардонии хизматрасонӣ ройгон аст, фақат бояд дар тавозуни телефони Шумо бештар аз 5 сомонӣ вуҷуд дошта бошад. Маълумоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хизматрасониҳои роуминг дар пайванди зер:  https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here