Деворҳои рехта, ғалоғулаи дилгиркунанда, садои баланди савдогарону роҳгузарон ва доду войи милисаи гуё назоратгар ҳар як сокини бонанги пойтахтро хиҷолатзада мекунад.

Шоҳидон субҳи имрӯз25-уми июл дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, «деворҳо чанд моҳ боз ба чунин аҳвол гирифторанд. Худо накунад, сайёҳи хориҷие аз ин макон убур кунаду аз вазъи бади ин гузаргоҳ расм гирифта, дар интернет гузорад. Магар айб намешавад? Ба имиҷи шаҳри зебои Душанбеямон ин камбудиҳои ҷузъӣ доғ намеоранд”,- суол гузоштанд онҳо.

Ростӣ, ман ин расмҳоро ду ҳафта қабл бардошта будам. Бо умеде, ки шояд масъулин аз ин ҳолат огоҳанду дар фикри таъмир аз инъикоси он худдорӣ карда будам.

Сардори идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ Искандар Ҳоҷиев имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, ба раиси ноҳия мактуб кардаанд ва дар интизори ҷудо шудани маблағ ҳастанд.

— Аз рӯи шартномаҳое, ки Кумитаи амволи шаҳри Душанбе бо соҳибкорон бастааст, таъмири ҷории гузаргоҳи зеризаминӣ аз ҳисоби соҳибкорони иҷорагиранда, ки 26 дӯконро дар гузаргоҳ ташкил мекунанд, ба роҳ монда мешавад. Як маротибаи дигар ҳам чанд ҷои деворҳо рехта буданд. Раиси ноҳия супориш дода буд ва аз ҳисоби эҳсонкорон таъмир карда шуд,-гуфт И. Ҳоҷиев.

Ба гуфтаи ин масъул, сабаби рехтани деворҳо истифодаи маҳсулоти пастсифати сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Роҳи тоҷик” будааст, ки чанд сол пеш ин гузаргоҳро ба истифода дода буд. “Ҳар як иншооти ба истифода дода шуда, камаш 10 сол бояд бе таъмир хизмат кунад”.

Ҳоҷиев гуфт, алҳол маълум нест, ки деворҳо кай таъмир карда мешаванд. “Агар иҷорагирон таъмир кунанд, мекунанд, агар не, бояд маблағи аз буҷаи ноҳия ҷудо мешударо интизор шавем, ки 63 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Ин дар ҳолест, ки масоҳати деворҳои афтида чандон зиёд нест, ки чунин хароҷоти калон зарур бошад. Ё шояд масъулин роҳи зеризаминиро пурра таъмиру азнавсозӣ кардан мехоҳанд?

Добавить комментарий