Роҳбари ширкати итолёвии «Салинӣ Импреҷило» Пиетро Салинӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки чархаи якуми НБО Роғун 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода мешавад.

Вай дар ин бора баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ доир шуд, хабар дод. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here