Гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ таҳти раёсати Екатерина Голоулина ба Ӯзбекистон омадаанд. Аъзои ин гурӯҳ аз тарафи раиси комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо Улуғбек Абдусаломов ба ҳузур пазируфта шуданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот хонум Голоулина изҳор кард, ки Ӯзбекистон ба интихоботи парлумонӣ ва вакилони ниҳодҳои маҳаллӣ омода аст.

— Боздидҳо аз якчанд ҳавзаи интихоботӣ ва мулоқотҳо бо аъзои комиссияҳои он дар мо чунин эътимод ҳосил намуд, ки интихоботи қарибулвуқӯъ дар ин кишвар тибқи принсипҳои демократӣ ва ошкоро баргузор хоҳад шуд. Ин пешгӯиҳо омилҳои худро доранд, — гуфт Екатерина Голоулина.

Тавре ки вай боз тазаккур дод,  онҳо аз Ассамблеяи Байнипурлумонии ИДМ намояндагӣ мекунанд, ки дафтари марказии он дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъ гаштааст. Ба таъкиди Екатерина Голоулина сатҳи дониши аъзоёни комиссияи интихоботӣ, ки онҳо суҳбат кардаанд, ба талаботи имрӯз ҷавоб дода метавонад. Бешак, ин ҳама аз унсурҳои  мусбати омодагириҳо ба интихоботи қарибулвуқӯъ шаҳодат медиҳанд.

— Бо барномаи пешазинтихоботии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон аз наздик ошно шудем. Ҳатто пурсидем, ки оё нисбати фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ягон ҳарфи шикоятӣ доранд ё на. Аммо он ҷо бовар кунонданд, ки ҳамаи кор дар чаҳорчӯби қонунгузориҳо сурат мегиранд,-изҳор намуд сарвари гурӯҳи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ.

Вай афзуд, ки тибқи анъана роҷеъ ба баргузориҳои интихоботҳо мониторинг мегузаронанд, ки дар ду марҳала сурат мегирад. Дар марҳалаи аввал, ки дарозмуддат аст, баъди сабти ном шудани номзадҳо ва оғози тарғиботҳои барномаҳои пешазинтихоботӣ фиристодаҳои Ассамблея бо ҷараёни омодагириҳо ва раванди тарғибот ошно мешаванд.

— Аъзои гурӯҳи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ аз ҳашт кишвари узви он намояндагӣ мекунанд. Онҳо 17-18 декабр ба Ӯзбекистон меоянд ва ба мониторинги марҳалаи дуюм шурӯъ мекунанд. Ин марҳала аз қатъи тарғиботи барномаҳои пешазинтихоботӣ шурӯъ мегардад ва то ба охир расидани раъйдиҳӣ  ва ҳисобу китоби варақаҳои он идома хоҳад кард,-иброз намуд Екатерина Голоулина.

Интизор меравад, ки интихоботҳои қарибулвуқӯъи парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллии Ӯзбекистонро ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here