Президенти Ӯзбекистон аз кормандони умури интизомии кишвараш тақозо намуд, ки дар зиндонҳо ва маҳали боздоштгоҳҳои муқаддамотӣ маҳбусон ва гумонбаронро мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор надиҳанд. Вай дар ҳодисаҳое, ки бар асари шиканҷа ду нафар маҳбус ҷони худро аз даст додаанд, кормандони идораҳои корҳои дохилиро шадидан интиқод кард.

Гуфта мешавад, ки дар севуним соли охир Ӯзбекистон ислоҳотеро пиёда мекунад, ки ба даст кашидан аз усули шиканҷа равона шудааст. Аммо дар шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё бар асари шиканҷа ду нафар ба ҳалокат расидаанд ва дар ин ҳодиса кормандони умури интизомӣ гунаҳкоранд.

Ба гуфтаи президент Шавкат Мирзиёев бар асари ин фоҷиа ду нафар аз ҳаёт чашм пӯшиданд ва пайвандони онҳо  на аз кормандони умури интизомӣ, балки аз давлат норозянд.

Ба гуфтаи Мирзиёев муфаттишон, додситонҳо, ходимони корҳои дохилӣ бояд ба мардум бигӯянд, ки дар ин фоҷиа онҳо айбдор ҳастанд.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин аз мақомоти идораҳои интизомӣ тақозо кардааст, ки барои таълими дуруст надодан, кор бо қонун ва муомила бо одамонро дуруст ёд надодаани худ ба зердастон аз мардум узр пурсанд.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев чунин лоқайдӣ ва нодонӣ ба ислоҳоти пиёданамудаи ӯ дар соҳаи мазкур халали ҷиддӣ ворид менамояд.

Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол 11 нафар корманди умури интизомӣ барои даст доштан дар фоҷиаҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд ва 7 нафар роҳбари идораҳо аз кор сабукдӯш гардидаанд. Ҳамчунин, ба 16 нафар аз чораҳои интизомӣ кор гирифта шудааст.

Латукӯб, шиканҷа ва фишор болои гумонбарону маҳбусон дар Ӯзбекистон нигарониҳои зиёдеро дар байни мардуми Ӯзбекистон ба бор овардааст ва инро мақомоти расмии Ӯзбекистон низ эътироф менамоянд.

Хусусан, вуқуъи ҳодисае, ки дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё сурат гирифтааст ва бар асари шиканҷа як сокини 32-солаи ин ноҳия ба ҳалокат расидааст, мунҷар ба он шуд, ки ду нафар ходими корҳои дохилӣ ба ҳасб гирифта шаванд ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

13 нафар корманди идораи интизомии ноҳияи Чироқчӣ низ дар даст доштан дар ин фоҷиа гумонбар шудаву дар тафтиш қарор доранд. Айни ҳодисаи фоҷиабор дар вилояти Андиҷон низ рух додааст ва 19 корманди умури интизомӣ ба ҷазо кашида шудаанд.

Бино ба хабари дигар, дар колонияи иҷрои мӯҳлати ҷазои вилояти Навоӣ боз як нафар бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Сокини 45-солаи ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд Ф.Х. дар ин зиндон аз шиканҷа ҷон додааст.

Тавре раиси созмони ҳуқуқи башари “Эзгулик” Абдураҳмон Ташанов мегӯяд, дар ин зиндон аз маҳбусон пул талаб мекардаанд. Чунин ҳол бо маҳбус Ф.Х. низ рух додааст ва вай ба пайвандонаш занг зада хоҳиш кардааст, ки фавран ба ҳисобсурати як корт пул ирсол намоянд, вагарна ҷонаш дар хатар хоҳад монд.

Аммо дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохии Ӯзбекистон дар робита ба ин ҳодиса комилан маълумоти зиддунақиз додааст. Бино ба ин манбаъ маҳбус Ф.Х. барои содири ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши маводи нашъаовар ва зӯроварӣ ба 11 соли ҳабс маҳкум шудааст ва дар натиҷаи хуруҷи бемориҳои гуногун дар ин зиндон фавтидааст.

— Дар ҳар сурат таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба ин ҳодисаҳо дар Ӯзбекистон падидаи нав мебошад, зеро то ин замон дар зиндонҳо ва маҳали боздоштгоҳҳои муқаддамотӣ чунин ҳодисаҳо рӯй медоданд ва бар асари шиканҷаҳо нафарони зиёд ба ҳалокат мерасиданд, аммо онро мақомоти расмӣ эътироф наменамуд, -гуфт ба мухбири “Фараж” раиси созмони ҳуқуқи башари “Эзгулик” Абдураҳмон Ташанов.

Вай афзуд, ки мавриди муҷозот қарор гирифтани кормандони умури интизомӣ низ аз падидаҳоест, ки баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон роиҷ гардидааст.

Бино ба гуфтаи сухангӯи Додгоҳи олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Обидов мурофиаҳои судӣ нисбати кормандони умури интизомӣ, ки дар фавти маҳбусону гумонбарон даст доранд, ошкоро баргузор мегарданд.

— Дар ин мурофиаҳо иштироки ходимони расонаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ ҳатман таъмин мегардад ва барои акс намудани он тамоми шароити созгор низ фароҳам оварда мешаванд, — мегӯяд Азиз Обидов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here