Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба мардуми кишвар эълом кард, ки дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Дар муроҷиатнома, ки дирӯз нашр шуд, гуфта мешавад, тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд, ки 50 дарсади ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.

“Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омадааст. Имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад. Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст”, — омадааст дар ин муроҷиатнома.

Ҳукумат аз вазъияти баамаломада ҳатто маҷбур шудааст, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ кунад.

Дар муроҷиатнома аз мардуми кишвар даъват шудааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд, зеро “дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад”.

“Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here