Номи ошхонаи маъруф ба “Ҳоҷиён» дар шафати бозори “Саховат, ки бо сабабҳои номаълум, ду сол қабл барканда шуда, беном фаъолият мекард, ахиран ба ”Сафо” иваз шудааст.

Аз мақомоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба иваз кардани номи ошхона аз “Ҳоҷиён” ба “Сафо” дар суҳбат бо «Фараж» изҳори бехабарӣ карданд ва гуфтанд, ки шояд он бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа шуда бошад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ Диловар Сайфуллоев гуфт, қаблан ба калимаи “ҳоҷиён” эрод шуда буд ва онро аз номи ошхона бардошта буданд.

— Дастур шуда буд, ки аз ҷониби масъулини ошхона номи дигар гузошта шавад. Номи “Сафо” аз ҷониби мо пешниҳод нашудааст. Шояд масъулини ошхона бо Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар дар доираи қонунҳои амалкунанда мувофиқа карда бошанд. Барои иваз кардани номи ошхона ба мо муроҷиат нашудааст, — гуфт Диловар Сайфуллоев.

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар мегӯянд, ҳама номгузориҳо дар мувофиқа бо онҳо сурат мегирад, вале аз ҷониби масъулини ошхонаи собиқи “Ҳоҷиён” ба Кумита ягон мактуби расмӣ барои иваз кардани номи ошхона ворид нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду соли охир ин ошхонаи миллӣ бе ном фаъолият дошт ва соле қабл як пешхидмати ин ошхона, бидуни бурдани номаш ба “Фараж”гуфта буд, ки «супориши кандани номи «Ҳоҷиён» аз боло аст ва аллакай панҷ моҳ боз ошхона беном аст”.

Масъулини ноҳияи Фирдавсӣ ҳам он замон дар суҳбат гуфта буданд, ки «тибқи супориш оид ба аз байн бардоштани чунин номҳо амал кардаанд ва дар рафти рейдҳо барои иваз намудани номи чандин ошхонаву тарабхонаҳо маслиҳатҳо додаанд”.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон чанд соли охир бо баргузории силсилаи рейдҳо талош дорад, то аз истифодаи номҳои ғайритоҷикӣ дар номгузории мағозаҳову ширкатҳо ҷилавгирӣ кунад. Ҳоло дӯкондорон пеш аз гузоштани номи мағозаашон бояд аз ин Кумита санад бигиранд, ки номи интихобкардаи онҳо то куҷо ба қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат мекунад.

1 бинависед

  1. Ягон чиз тағйир меёбад? Боз ҳамон нархҳои баланду осмонии хӯрокҳо, ки на ҳар кас метавонад ба ошхона дарояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here