Аз ҷониби МИҲД-и вилояти Хатлон дар рӯзи ҷашни 109-солагии матбуоти тоҷик ба профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав марҳум Ҳасани Муродиён ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров дода шуд.

Ҷоизаи Соҳиб Табаров ба марҳум Ҳасани Муродиён барои китоби “Соғари Саҳбо” ихтисос шуд, ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба фарзанди устоди зиндаёд Зокир Ҳасан тақдим гардид.

Ҳасани Муродиён 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон  ба дунё омада, 9-уми ноябри соли 2020 бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз худ 33 китоб ва садҳо мақолаи илмию публисистӣ ба мерос гузоштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here